ҶАВОНОН – ҚАЛБИ БЕДОРИ ВАТАН!
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 20 майи соли 2026 дар факултети филологияи руси Донишгоҳ чорабинии бошукуҳи тарбиявию фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷавонон – қалби бедори Ватан!» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултет бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбарият ва устодони факултет оид ба нақши калидии ҷавонон дар рушди ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, имрӯз барои илмомӯзӣ, таҳсил ва камолоти эҷодии онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини донишҷӯён идома ёфт. Иштирокдорон бо қироати шеърҳои ватандӯстона, иҷрои суруду таронаҳои дилнишин ва намоиши саҳнаҳои адабӣ, ки васфи Ватан, Истиқлол ва арзишҳои миллиро дар бар мегирифтанд, табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Яке аз лаҳзаҳои хотирмони чорабинӣ ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳои дохилифакултетӣ буд. Дар ин қисмат ғолибони озмунҳои «Беҳтарин сардори гурӯҳ», «Беҳтарин гурӯҳ», «Беҳтарин куратор», «Беҳтарин кафедра дар самти корҳои тарбиявӣ» ва «Беҳтарин масъули самти тарбиявии факултет» муайян карда шуданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони ин озмунҳо Диплом,
Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Чорабинии мазкур дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфта, бори дигар собит сохт, ки ҷавонон воқеан қалби бедори Ватан ва идомадиҳандаи арзандаи ҳадафҳои созандаи миллат мебошанд.
Маркази иттилоот