Аттестатсияи ҷамъбастии докторантони соли сеюм

Аттестатсияи ҷамъбастии докторантони соли сеюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рўи ихтисос дар шакли имтиҳони маҷмўӣ оғоз гардид.

Имтиҳони мазкур дар асоси банди 59-и Низомномаи докторантура аз рўи ихтисос гузаронида шуда, аз фанҳои заминавӣ ва касбӣ танҳо фанҳои ҳатмии барномаи таълимии докторантура аз рўи ихтисос дохил карда шуданд.

Дарин замина тибқи фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи қабули имтиҳоноти маҷмўии докторантон мураттаб гардида, мувофиқ ба мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзода раиси комиссияи имтиҳони маҷмӯӣ таъин шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба 25 нафар докторантони соли сеюм, ки талаботҳоинақша ва барномаҳои таълимиро иҷро кардаанд, барои супоридани имтиҳони маҷмўӣ иҷозат дода шудааст.

Рӯзи гузашта дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки комиссияи имтиҳони маҷмӯӣ чунин имтиҳон барои докторантони ихтисоси геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат ба роҳ монда шуда, докторантон - Мирзосодиқ Сангинов, Шодмон Нурматов ва Саноат Шарипова бомуваффақият аттестатсияи ҷамъбастиро супориданд.

Дар назар аст, ки аттестатсияи ҷамъбастии докторантони ихтисосҳои забоншиносӣ, шарқшиносӣ, иқтисодиёт, санъати тасвирӣ, филология (забони тоҷикӣ), педагогика ва психология, педагогика ва методикаи таълим, таърих, адабиётшиносӣ, география, химия ва системаҳои иттилоотӣ то санаи 20 июн доир хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ