Ятимон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти Донишгоҳ
Дастгирии табақаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон аз ҷумлаи муҳимтарин рукни сиёсати инсонпарваронаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Пешвои миллат дар ҳамаи суханрониву мулоқотҳо, инчунин сафарҳои кории хеш ба минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳ ба амалҳои хайр, эҳсонкорӣ, дастгирии табақаҳои мухталифи аҳолиро ба унвони рукни муҳими оини давлатдорӣ талқин намуда, кормандони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо ва шахсони эҳсонкору масъулини бахшҳои мухталифи хоҷагии халқро барои иқдом дар ин арса даъват менамоянд.
Ҷиҳати мавриди амал қарор додани чунин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров, профессор Усмонзода Аюб Ислом дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ тасмим гирифт, ки иқдоми хайрхоҳонаеро рӯи даст гирифта, ба Бадриддинзода Зайналобиддин – донишҷӯи бахши сеюми факултети биология ва химия, ятими кул туҳфаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки аз як адад ноутбук ва ҷузвдон иборат буд, тақдим намуд.
Зимни суҳбат бо донишҷӯ таъкидшуд, ки раёсати Донишгоҳ дастурҳои Пешвои миллатро сармашқи чунин корҳои хеш қарор дода, ҳаргиз намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ кашанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил