​Арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ дар рушди саодати оила

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети геоэкология ва туризм маҳфили илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Муовини декан оид ба корҳои таълим Ҳайдарова Мавзуна маҳфилро ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз ин ташаббусро шарҳ дод.

Маърӯзаи аввал аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Нодирӣ Инобатхон таҳти унвони "Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ" шунида шуд.

Ҳамзамон, дар мавзӯи "Оила-асоси пойдории ҷомеа" муаллими кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Темирӣ Муаззама ва Каримова Мадина таҳти унвони "Инкишофи маънавиёт ва мусбатандешии ҷавонон" маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки пойдории оила кафили солимии миллат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, таъмини мустаҳкамии оила омили рушду пешрафти мамлакат унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ