АРЗЁБИИ СОЛОНАИ КОРИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ
12 декабри соли 2025 дар толори хурди раёсати Донишгоҳ фаъолияти ҳафт шурои диссертатсионии назди Донишгоҳ бо иштироки муовини раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон —Шарифзода Мумин Машокир баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони ректор, масъулони самти илм, роҳбарон, муовинон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ иштирок намуданд.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин оғоз ёфт. Зимни баромади худ роҳбари Донишгоҳ аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илм, хоса, таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи кадрҳои соҳибунвон сухан гуфта, рушди таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии мутахассисони баландпояро дар замони соҳибистиқлолии кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин зикр дошт, ки айни замон дар назди Донишгоҳ шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои филология, педагогикаву психология ва иқтисодиёту география фаъолият намуда, дар соли 2025 беш аз 50 нафар муҳаққиқон рисолаҳои номзадиву докториро ба дифоъ расониданд.
Муовини раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Мумин Шарифзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки нақши илм ҳамчун омили асосии пешрафт ва инноватсия, тадбирҳои ҳамаҷонибаеро барои эҳёи низоми илмии кишвар, муосирсозии инфрасохтори пажуҳишӣ ва дастгирии олимону муҳаққиқон амалӣ месозанд. Ин иқдомҳо на танҳо ба болоравии сатҳи таҳқиқоти илмӣ мусоидат карданд, балки шароити заруриро барои рушди муассисаҳои илмӣ, лабораториҳои муосир ва ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии байналмилалӣ фароҳам оварданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи муфассал доир ба фаъолияти солонаи 7 шурои диссертатсионӣ ироа гардид. Қайд шуд, ки дар соли равон шумораи ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ афзоиш ёфта, сифати тадқиқотҳо низ беҳтар гардидааст. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба такмили коргузорӣ, боло бурдани сатҳи роҳнамоии илмӣ ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Муовини раиси КОА Мумин Шарифзода дар баромади худ зарурати риояи қатъии меъёрҳои илмӣ, ташвиқи муҳаққиқон ба таҳқиқи инноватсионӣ ва нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ, хоса “Фурӯғи илм”, таъкид намуд. Дар қисмати таклифу пешниҳодҳо роҳбарони шуроҳои дифоъ андешаҳои судмандро оид ба такмили фаъолияти шуроҳо баён карданд.
Мудири шуъбаи фанҳои ҷамъиятии КОА Каримзода Мавзуна доир ба баъзе камбудиҳо, аз ҷумла мувофиқат накардани рақами адабиёт, саҳифаҳои онҳо, интихоби нодурусти муқарризон, камбудиҳои техникии диссертатсияву мақолаҳои илмӣ ва амсоли инҳо андешаронӣ намуд.
Ҳамин тавр, ҷаласа бо хулосабардорӣ ва тарҳрезии нақшаҳои минбаъда судманд анҷом ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил