​Ярмаркаи байналхалқии лоиҳаҳои иҷтимоию фархангӣ

Санаи 7 декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи миллии омӯзгории Қазоқистон ба номи В.И. Абай ба тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) ярмаркаи байналхалқии лоиҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ "Муколамаҳо бо забони русӣ" баргузор гардид.

Иштирокчиёни ярмарка бо муаррифии 10 лоиҳаи иҷтимоию фарҳангӣ, ки ҷиҳати таваҷҷӯҳ зоҳир намудани ба забони русӣ, маориф ва фарҳанги русӣ дар Русия ва хориҷи кишвар нигаронида шудаанд, мушоҳида ва муҳокима намуданд. Иттило дода шуд, ки муаллифони лоиҳаҳо кормандони педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, иловагӣ, касбӣ, донишҷӯён ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, кормандони соҳаи фарҳанг ва муассисаҳои фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои Аврупо мебошанд.

Гуфта шуд, ки ярмарка бо дастгирии Вазорати маорифи Федератсияи Русия ва муассисаи хусусии таълимии давомдори «Маркази технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф» «Дониш» (Русия, Киров), Донишгоҳи давлатии Вятка (Русия, Киров), Донишгоҳи миллии омӯзгории Қазоқистон ба номи Абай (Қазоқистон, Алмаато), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд) ташкилу баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинии мазкур рушди робитаҳои дӯстона байни шаҳрвандони Русия, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупои Ғарбӣ мебошад.

Дар ярмарка беш аз 500 нафар ба тариқи маҷозӣ ширкат намуданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ