​Арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ чорабинии сиёсӣ-адабӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Ректори донишгоҳ иштирокчиёнро ба муносибати рӯйдодҳои таърихӣ самимона табрик гуфта, аз аҳамияту ҷойгоҳи воқеаҳои муҳим хотиррасон гардид.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди миллироифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намудааанд, аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба муқаддасоти давлатӣ арҷ гузорем ва ҷиҳати гиромидошту ҳифзи он талош варзем” – зикр дошт профессор Аюб Усмонзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чорабинӣмеҳмон аз ИМА – Анна Лури низ ширкат дошт.

Декани факултети забонҳои хориҷӣ профессор Абдуллоева Меҳриниссо зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти Парчами ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои глобалии он дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазоворро соҳиб гардид.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишон аз Истиқлолият миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барафрохта шудааст.

Донишҷӯён зимни ироаи маърӯза таъкид доштанд, ки Парчами давлатӣ нишони муқаддаси ҳар сокини кишварамон буда, рамзи ҳуввият, давлатдорӣ ва рамзи ягонагии халқҳои ин сарзамини биҳиштосо ба ҳисоб меравад. Парчам ифтихор, нанг ва шарафи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии Ватанамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Ҳамзамон, донишҷӯён оид ба асарҳои Пешвои миллат - “Забони миллат - ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва “Уфуқҳои Истиқлол” маълумот пешниҳод намуданд.

Дар чорабинӣ оид ба таърихи баргузории Иҷлосияи тақдирсоз, интихоби Президенти кишвар ва рамзҳои миллӣ муаррифинома намоиш дода шуд.

Бо садо додани суруди “Ватан” дар иҷрои донишҷӯён чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ байни ҷавонону наврасон арзёбӣ гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ