​Арҷгузорӣ ба хидмати мондагори Рӯдакӣ ва Мавлоно

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ва Мавлоно Балхӣ чорабиниҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳиипсихологияи умумӣ дар факултети филологияи тоҷик дар мавзуи“Устод Рӯдакӣ – шоири хирадварз” мизи мудаввар ва дарбинои таълимии № 3 дар мавзуи “Ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ташаккули мафкураи солим дар байни ҷавонон” семинар – машварат баргузор гардид.

Чунин ташаббус таҳти унвони “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо” дар кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа низ роҳандозӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар толори факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорбинии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Панди пирони хирад” доир шуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус арҷгузорӣ ба хидмати шоирон ва таҳкими маърифати донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ