АРҶГУЗОРӢ БА ФАРҲАНГ ВА СУННАТҲОИ МИЛЛӢ
Дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии оила ва Рӯзи ҷавонон озмуни фарҳангӣ-адабӣ баргузор гардид, ки ҳадаф аз он арҷгузорӣ ба оила, таҳкими арзишҳои оиладорӣ, эҳёи фарҳангу суннатҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва рушди истеъдоди донишҷӯдухтарон маҳсуб меёбад.
Иштирокчиён аз рӯи шартҳои саломнома, намоиши истеъдод, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани хуришҳои миллӣ ва намоиши либосҳои миллӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолибон муайян гардида, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва рушди қобилияти эҷодии донишҷӯдухтарон нақши муҳим мегузорад.
Маркази иттилоот