Анҷумани илмӣ-амалии байналхалқӣ: “Масъалаҳои филологӣ аз нигоҳи тадқиқотчиёни ҷавон”
Дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишери Навоӣ Анҷумани 8-уми илмӣ-амалии байналхалқӣ дар мавзуи “Масъалаҳои филологӣ аз нигоҳи тадқиқотчиёни ҷавон” доир гардид. Дар кори ин Анҷуман аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишҷӯёни факултети филологияи ӯзбек ва роҳбарони илмии онҳо ба тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Истамқулов Ҷамшед дуруду миннатдории ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзодаро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ба масъулини Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишери Навоӣ расони.
Дар конференсияи мазкур донишҷӯёни факултети филологияи ӯзбек аз рӯи бахшҳои “Муаммоҳои забоншиносии умумӣ”, “Масъалаҳои адабиётшиносии ҷаҳон, адабиётшиноси муқоисавӣ ва тарҷимашиносӣ” ва “Муаммоҳои адабиёти халқҳои туркӣ ва адабиётшиносӣ”10 маърӯза ироа намуданд.
Дар фарҷом ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишери Навоӣ профессор Сироҷиддинов Шуҳрат ба ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳо барои иштирок дар Анҷуман изҳори сипос намуда, омодагии хешро дар самти густариши ҳамкориҳо баён намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил