​Ҷаннат зери қудуми модарон аст

Таҳти чунин унвон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси таҷрибаомӯзони курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ соати тарбиявии намунавӣ баргузор гардид. Дар доираи ин иқдом дар мавзуи “Модар фаришта” маърӯза шунида шуда, ҳамчунин аз ҷониби хонандагон саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар чорабинии мазкур сармуаллимаи кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳмадҷон Файзиев ҳамчун роҳбар - педагог иштирок ва суханронӣ кард. Дар интиҳо дарси тарбиявии таҷрибаомӯз мавриди таҳлил қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ