​Андешаҳои Пешвои миллат оид ба мубориза бо терроризму экстремизм

Андешаву мулоҳизаҳо, пешниҳодҳои консептуалӣ (бунёдӣ) ва принсипиалии (усулии) Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои сар задани терроризм, экстремизм, пешгирӣ ва роҳу василаҳои мубориза бар зидди он яке аз манбаъҳои боэътимод, пояи назариявӣ ва амалии сиёсати муқовимат алайҳи он падидаҳои хатарафзо мебошад.

Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳо бахшида ба ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, дар ҳамоишҳо, конфронсҳо, мулоқотҳои сатҳи олии байналхалқӣ бахшида ба мавзӯи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, мулоқотҳои Сарвари давлат бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, уламои дин, ҷавонон,намояндагони гуногуни ҷомеаи кишвар, асару мақолаҳои Пешвои миллат марбут ба масъалаҳои таърих, фарҳанг, тамаддун, дин, анъана ва оину суннатҳои мардуми мо сарчашмаи мӯътамади таҳлилу баррасӣ, арзёбӣ, бардошту натиҷагирӣ ва тарҳрезиинақшаи фаъолият бар зидди терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбанд.

Андешаҳои Пешвои миллатро дар мавриди сабабҳо, решаҳои ташаккул, густариши терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ ва дигар падидаҳои хатарафзо ба таври иҷмолӣ бо чунин нуктаҳо метавон ифода намуд:

Аввалан, ҷомеа ҷаҳонӣ, сиёсатшиносон, сиёсатмадорон, коршиносон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон то ҳол мутаассифона дар мавридихуди мафҳуми терроризм ба хулосаи ягона нарасидаанд, ҳол он ки бидуни чунин ваҳдати назар ва баҳодиҳӣ ба низом даровардан ва муташаккилона ба роҳ мондани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва ифротгароии динӣ ғайриимкон аст.

Чунин амал боиси сиёсат, амалу рафтори гуногун, дурӯя, духӯра нисбат ба терроризм ва экстремизм мегардад ва монеаи асосии фаъолияти якҷоя, муташаккилона алайҳи он мегардад.

Дуюм, дар суханрониҳои Пешвои миллат кӯшишҳои ба ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххас, хосатан ислом ҳамеша қатъиян маҳкум карда мешавад ва ин гуна кӯшишҳо баръакс ба манфиати террористон хидмат мекунад.

Дар андешаҳои Пешвои миллат як чизи муҳиме ба назар мерасад ва ин бештар дар байни мусулмонон роиҷ аст- ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Бештари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо баъзе кишварҳои Ғарб, Амрико сиёсати дурӯя, духӯра ва меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд.

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки террорист миллат, дин, мазҳаб ва Ватан надорад. Террористро ба худиву бегона ҷудо кардан иштибоҳи маҳз аст.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ боиси омурзиш, бахшиш нест ва дар ҳамаи ҳолатҳо он бояд қатъиян маҳкум карда шавад, бояд бар зидди он муборизаи беамон бурда шуда, он решакан карда шавад.

Сеюм, дар андешаву афкори Пешвои миллат таъкид мегардад, ки терроризм ҳамчун падидаи дорои ҳадафҳои сиёсӣ, пуштибонии он ҳамчун як навъи сиёсати муғризона ва манфиатхоҳонаи давлатҳои абарқудрат ва манфиатҷӯ маънидод карда шавад. Аз ин лиҳоз дар сатҳи байналхалқӣ ба ҳам мувофиқ сохтани қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм тақозои замон аст.

Чорум, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки дар мубориза бар зидди терроризм танҳо аз роҳи зӯрӣ, такя ба қувва ва неруи ҳарбӣ пирӯз шудан амрест ношуданӣ, гарчанде нақши сохторҳои қудратӣ муҳим бошад ҳам, он роҳу василаи мутлақи ягона нест.

Ин мубориза бояд чораву тадбирҳои якҷояи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иттилоотиро дарбар гирад ва ин тадбирҳо дар сатҳи байналхалқӣ тарҳрезӣ ва амалӣ гардад.

Пешвои миллат таъкид бар он менамоянд, ки чи корҳоеро ба анҷом нарасонем, чӣ эътилофҳо, созмонҳое насозем, ҳар қадар неруи ҳарбиро ба кор набарем, аммо роҳу василаи (механизми) худтавлиди решаҳои терроризм аз байн бурда нашавад, мо танҳо аз омилҳои зоҳирии ин вабои аср раҳоӣ меёбему аз решаҳои аслии ин маризӣ халосӣ нахоҳем ёфт.

Панҷум, дар суханрониҳои Пешвои миллат як андешаи муҳиме таъкид мегардад, ки яке аз василаҳои мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ин ҳамкории кишварҳои пешрафта бо давлатҳои рӯ ба инкишоф ва тозаистиқлол дар тарҳрезӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои фарроху созандаи мубориза бар зидди камбизоатӣ, гуруснагӣ, қашшоқӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масоили иҷтимоии инсонҳо мебошад.

Агар мо якҷоя бар зидди ин камбудиҳо амал накунем, аз ин зуҳуроти динӣ- терроризм, ки яке аз решаҳои он падидаҳои дар боло номбар шуда аст, раҳоӣ нахоҳем ёфт.

Шашум, баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маърифати сиёсӣ, динӣ, ахлоқу одоби ҳамида ва ҳаллу фасли маҷмӯи масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ метавонад василаи муҳими муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм ва решакан кардани он гардад.

Ҳафтум, як андешаи дигари муҳимеро дар суханрониҳо, навиштаҳои Пешвои миллат метавон мушоҳида намуд. Ин пешниҳоди дастгирии иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷониби давлатҳои пешрафта, рақобати озод ва одилона дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти дар кишварҳои ҷаҳони сеюм тавлидшаванда.

Ниҳоят, чизи аз ҳама муҳим – назорати қатъӣ аз болои хариду фурӯши аслиҳаи ҷангӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрат, роҳ надодан ба мусаллаҳшавии гурӯҳҳои террористӣ аз байн бурдани манбаъҳои молиявӣ, ҳарбӣ, таълимӣ, ғоявии тавлид ва паҳн гаштани терроризм, экстремизм ва падидаҳои дигари хатарафзо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Нуктаҳое, ки дар афкору андешаҳои Пешвои миллат оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм баён шудаанд барои мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар падидаҳои хатарафзо аҳамияти илмӣ, назариявӣ ва амалӣ доранд.

Андешаи сулҳу ваҳдат дар асарҳои Пешвои миллат. Мактаби сулҳи тоҷикон басо ибратомӯз буда, дар таърихи ҷаҳони муосир ба худ ҳамто надорад. Андешаҳои сулҳу ваҳдат дар асарҳои Пешвои миллат мақоми хоса дошта, дар онҳо фалсафаи сулҳофарии тоҷикон, роҳи душвор ва тӯлонии расидан ба оштӣ ва Ваҳдати миллӣ бо тамоми ҷузъиёт, паҳлӯҳои он хеле мукаммал, ҷолиб ва далелноку эътимодбахш инъикос ёфтаанд.

Раванди сулҳофарии тоҷикон аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ оғоз ёфта, дар суханронии нахустини худ Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор намуда буданд, ки “Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам” ва ҳамин тавр, ташаббуси сулҳу оштӣ маҳз аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба миён омада буд.

Санаи 12 декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон чунин изҳор намуда буданд. «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

19 декабри соли 1992 таҳти унвони «Давлат аз иттифоқ хезад» мусоҳиба бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интишор ёфта буд. Дар ин мусоҳиба Сарвари давлат чунин таъкид намуда буданд, ки “роҳи ягонаи наҷоти миллат сулҳу ваҳдат мебошад ва то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузорем ҳеҷ гуна кӯмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад». Сарвари кишвар бо иродаи сулҳҷӯёна ба гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат менамоянд: «Биёед, кинаю адоватро ба як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем».

Дар таърихи талошҳо ва андешаҳои Сарвари давлат оид ба барқарор намудани сулҳу ваҳдат суханронӣ дар маҷлиси фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (13 июни соли 1993) мақоми махсус дорад, ки таҳти унвони «Мақсади ҳамаамон як аст-оромӣ ва осоиши Тоҷикистон» дарҷ ёфта буд.

Сарвари давлат ба масъалаи дӯстии байни халқҳои Тоҷикистон, тоҷикони минтақаҳои гуногун таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб мекунанд. Таъкид мегардад, ки сарзамини тоҷикон таърихан маъвои дӯстию рафоқат ва инсонпарварию покдилӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, суханронии Сарвари кишвар дар Кӯҳистони Бадахшон барои таҳкими сулҳу субот, барқарор ва мустаҳкам гаштани робитаҳои дӯстиву ваҳдати байни минтақаҳои ҷумҳурӣ мақоми щоиста дорад.

Суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 июни соли 1993) боз як марҳилаи муҳими талошҳо баҳри истиқрори сулҳу ваҳдат маҳсуб меёбад.

Маърӯзаи Сарвари давлат бо даъват ба сулҳу ваҳдат хотима меёбад:

«Мо як халқу як давлат ҳастем, ки номамон тоҷику Тоҷикистон аст. То ин вақт моро гӯлу гумроҳ намуда, ба ду майдон тақсим намуда буданд. Биёед, ҳамакаса кор кунем, ки ҳама дар як майдон ҷамъ оем. Номи ин майдон майдони ваҳдат, майдони меҳнат аст. Мақсади ин майдон эҳёи Тоҷикистон мебошад».

Муроҷиатҳо ва талошҳои чандинкаратаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба Ватан баргардонидани гурезагон мактаби бузурги сулҳу ваҳдату ягонагӣ мебошад.

26-уми июни соли 2002 дар суханронии худ бахшида ба 5-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати тақдирсозро чунин арзёбӣ менамоянд: «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зист баргардонидани қариб 1 миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид».

Санаи 8 сентябри соли 1993 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат бахшида ба ифтитоҳи таҷлили истиқлолияти ҷумҳурӣ ва Анҷумани дуюми тоҷикони ҷаҳон суханронӣ намуданд. Дар он бори дигар ба масъалаҳои ваҳдат ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати Ҳукумат ва андешаи миллӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид: «Имрӯз, ки ваҳдати мардуми тоҷик ва иттиҳоди тамоми қавму миллатҳои сокини ҷумҳурӣ аҳамияти калон пайдо кардааст ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳо чун обу ҳаво зарур аст, нақши Анҷуман боз ҳам равшан хоҳад шуд».

25-уми феврали соли 1994 дар маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ Сарвари давлат изҳор намуда буданд, ки ҳар як фарди Тоҷикистон новобаста аз маҳаллу мазҳабаш бояд худро масъули авзои ҷамъият донад. Тоҷикистон хонадони ҳар яки мову шумост.

Сухаронӣ дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон (17 марти соли 1994) андешаҳои тозаи Эмомалӣ Раҳмон доир ба сулҳу ваҳдат чунин садо доданд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад».

Дар нутқи пурмӯҳтаво дар Иҷлосияи ХХ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам иртиботи қавӣ доштани ваҳдат ва истиқлолиятро ба таври зерин шарҳ медиханд. Якум, масъалаи ваҳдати миллӣ пойдевори ягонагии Тоҷикистон мебошад. Талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ба он равона гаштааст, ки кишвар аз рӯи маҳал тақсим нашавад. Таҷрибаи талхи таърихи асри ХХ тоҷиконро водор месозад, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Дуввум, Тоҷикистон Ватани умумии ҳамаи онҳое мебошад, ки хуни нофашон дар ин ҷо рехтааст.

Дар асарҳо, мақолаҳо, Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, мусоҳибаҳо ва мулоқотҳои сершумори Сарвари давлат андешаи сулҳу ваҳдат, таҷрибаи нодири сулҳофарии тоҷикон хеле мукаммал ва ҷолиб баён шудааст.

Таҳлили андешаҳои Пешвои миллат оид ба сулҳу ваҳдатро бо суханони худи он кас метавон ҷамъбаст намуд: Ваҳдати миллӣмаҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад».

Аз китоби "Рисолати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат"


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ