“АНДЕША”: ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Дар толори калони раёсати Донишгоҳ семинари омӯзишии маҳфили тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» таҳти унвони «Фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотӣ, ташаккули муносибати масъулиятнок ба муҳити рақамӣ ва рушди ҷаҳонбинии донишҷӯён дар самти истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ шуд.
Семинар бо модератории роҳбари Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нави Донишгоҳ, рӯзноманигори шинохта дотсент Илҳоми Ҷамолиён баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ мавсуф доир ба ҷойгоҳ ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти муосир, имкониятҳо ва ҳамзамон хатарҳои эҳтимолии онҳо ибрози андеша намуда, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаи истифодаи оқилона ва мақсадноки интернет ҷалб кард.

Илҳоми Ҷамолиён зимни суханронӣ таъкид намуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтаанд ва онҳо метавонанд ҳам воситаи тавонои донишандӯзӣ ва ҳам омили парешонии диққат ва дуршавӣ аз воқеият бошанд. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи ғайримақсадноки ин платформаҳо метавонад ба кам шудани муоширати зинда, коҳиши фаъолияти зеҳнӣ ва таъсир ба рафтори иҷтимоии ҷавонон оварда расонад.
Дар идома зикр гардид, ки ташаккули фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳар як истифодабаранда масъулияти шахсӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию иттилоотиро талаб менамояд. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд дар интихоби манбаъҳои иттилоотӣ эҳтиёткор бошанд, аз паҳн намудани хабарҳои носанҷида худдорӣ намоянд ва вақти худро ба таври самаранок идора кунанд.
Дар ҷараёни семинар муҳокимаи фаъол сурат гирифта, иштирокдорон саволҳои худро доир ба истифодаи бехатарии интернет, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба равони инсон ва роҳҳои баланд бардоштани саводи рақамӣ пешниҳод намуданд. Ба ҳамаи суолҳо аз ҷониби модератор ҷавобҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ дода шуданд.
Маркази иттилоот ва студияи “Фурӯғ”