АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАЪРИХ ВА МАДАНИЯТИ БУЗУРГИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Бахшида ба эълон гардидани соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ», инчунин бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик дар факултети математика ҳамоиши илмӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Анъанаҳои миллӣ – нишони таърих ва маданияти бузурги халқи тоҷик» баргузор гардид.

Нахуст, декани факултет Исмоилҷон Маҳмудзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавонон ва таҳкими худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳифз ва гиромидошти анъанаҳои миллӣ яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
Дар қисми илмии ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия Бахтиёр Маҳмудзода дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар рушди худогоҳии миллӣ», дотсент Исломҷон Раҳимов дар мавзуи «Арзишҳои миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», дотсент Иброҳим Ҷабборзода дар мавзуи «Худшиносии миллӣ – омили асосии таҳкими давлатдорӣ», дотсент Абдуманнон Олимӣ дар мавзуи «Мақоми Пешвои миллат дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва мудири кафедраи анализи математикӣ, дотсент Бӯстон Маҳмадназарзода дар мавзуи «Омӯзиши илмҳои дақиқ ҳамчун заминаи стратегии таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» баромад намуданд.
Устодони Донишгоҳ дар маърузаҳои хеш аз ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ёдовар шуда, доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити муосир, аҳаммияти худшиносии миллӣ дар устувории давлат, саҳми роҳбарияти олии кишвар дар рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ, нақши илмҳои дақиқ дар рушди тафаккури илмӣ ва пешрафти ҷомеа ибрози назар карданд
Иштирокчиён дар қисмати муҳокима фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ миёни ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки анъанаҳои миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик буда, ҳифз ва тарғиби онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-тарбиявиро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори итминон карданд, ки минбаъд низ чунин ҳамоишҳо барои таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»