Ҳамоиши илмӣ-амалӣ: Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористӣ баррасӣ шуданд

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористӣ” ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид.

Дар кори ҳамоиш коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғди Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ҳамоишро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи ин ташаббусро шарҳ ва меҳмононро барои иштирокдорон муаррифӣ намуд.

Таъкид гардид, ки дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки аз равандҳои асосии ҷаҳонишавӣ сарчашма мегиранд, дар баробари зуҳури ҷараёнҳои пешқадам ба эҷоди зиддиятҳои фикриву ақидавӣ сабаб мегарданд. Ба таъбири дигар, ҷаҳони муосир бар асоси чунин пешрафтҳо ҳарчанд талқингари муколамаи фарҳангҳост, аммо тазодҳои фикриву ақидавӣ омил ба зуҳури ҳаракатҳое бо номи ифротгароӣ, зуроварӣ гардидааст.

Гуфта шуд, ки мутаассифона имрӯзҳо гуруҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое пайдо шудаанд, ки аз номи дини мубини ислом баромад намуда, ғояҳои нодурусти хешро талқин карда истодаанд, сабабгори асоси зуҳури ифротгароии динӣ шуда истодаанд, ки он ҳеҷ робитае ба асли дини ислом надорад.

Профессор Аюб Усмонзода дар идомаи суханронии хеш зикр намуд, ки бо сабаби кирдору рафтори муғризонаи нафароне, ки бо дин бозӣ мекунанду дар сояи он корҳои ношоиста анҷом медиҳанд, дар зеҳни мардум таъбири “дин” як навъ ранги ваҳшат ва разолату ҷаҳолатро пайдо мекунад. Мутаассифона, кору пайкор ва ақидаву андешаҳои ҷараёнҳои гуногуни гумроҳшуда, баъзан дар манотиқи мухталифи олам ҳамчун асосҳои исломи ҳақиқӣ муаррифӣ мешаванд, ки дар асл ба дини мубин ҳеҷ иртиботе надоранд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, ки амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад” – афзуд ректори донишгоҳ.

Дар идомаи ҳамоиш як қатор маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуданд.

Таҳти унвони “Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир” Шарифзода Саидҳомид Сафар - номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Мавзуи “Роҳу воситаҳои пешгирии ифротгароӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо” аз ҷониби номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ёвари Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳаррамзода Фаррух Неъмат – подполковники милитсия, муовини сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғди Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористӣ маърӯза ироа намуд.

Хотиррасон менамоем, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар заминаи иҷрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи “Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025” Созишномаи тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тавсиб расонидааст, ки ҳадафи он тайёр кардани муҳаққиқони ҷавони соҳибунвон, таҳқиқотҳои якҷоя, нашри китобҳо, таъсиси марказу маҳфилҳои муштарак, такмили ихтисоси омӯзгорон, конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, тренингҳои якҷоя ва амсоли инҳо мебошад.

Ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористӣ”, мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар бо устодону донишҷӯён ва иштирок дар барномаҳои телевизиониву дигар чорабиниҳои ҳаммаъно аз оғози нахустини ин ибтикороти тарафайн шаҳодат медиҳад.

Изҳори умед шуд, ки тадбирҳои судманд минбаъд низ дар доираи ин Созишномаҳои тафоҳум идома ёфта, ҳамкории тарафайн боз ҳам вусъати тоза пайдо хоҳад кард.

Баррасии ин мавзуъ дар доираи мизҳои мудаввар ва вохӯриву мулоқотҳо идома ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ