ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: “ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ”
Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ ва рушди забони миллӣ” конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид. Конфронси мазкур ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ ва татбиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҳамоишро муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим доктори илмҳои филологӣ, профессор Насим Абдуллозода ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро аз номи Раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.
Таъкид гардид, ки забон яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар замони муосир ва ҷаҳонишавӣ ҳифзу рушди он аҳаммияти калон касб намудааст. Забони тоҷикӣ дорои таърихи қадим буда, дар тули асрҳо на танҳо василаи муошират, балки омили нигаҳдоранда ва интиқолдиҳандаи илму фарҳанг ва таърихи миллати тоҷик ба шумор меравад. Сиёсати давлатӣ дар самти забон имконият фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ рушд намуда, ҳамчун рамзи давлат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо намояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш олимону муҳаққиқон, муовини раиси Комиссияи татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишгоҳ, профессор Абдусаттор Абдуқодиров, профессори Донишкадаи байналмиллалии Хуҷанди Муассисаи давлатии ДБССТ Шокириён Туғрал Сироҷзода ва доктори илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳ Мусо Олимҷонов маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.
Зимни баромадҳо аз саҳми беназир ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди забони тоҷикӣ ва нақши он ба ҳайси забони давлатӣ ёдоварӣ карда шуд.
Гуфта шуд, ки масъалаи ҳифз, покизагии забон, ғанигардонӣ ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун рукни асосии сиёсати фарҳангиву маънавии давлат шинохта шуда, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, зеро забон пояи ҳастии миллат маҳсуб меёбад.
Инчунин дар ҷараёни ҳамоиш дар бораи китобҳои тозанашри устодони Донишгоҳ Абдусаттор Абдуқодиров “Истиқлолият ва забон” ва Абдуҷамол Ҳасанзода “Панҷсад вожаи ҳамгуни Авесто” ба ҳозирин маълумот дода шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш музокираи илмӣ сурат гирифта, иштирокчиён доир ба нақш ва аҳаммияти забон дар ҷомеа фикру андешаҳои хешро баён доштанд