Ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Олмон густариш меёбанд

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз самтҳои зарурӣ барои рушди ҳамаҷонибаи насли оянда маҳсуб меёбад. Дар ин замина вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ бо сафири фавқулоддаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон доктор Андреас Протманн баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷаноби А.Протманнро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ташрифи меҳмони олиқадрро ба ин кошонаи илму адаб фоли нек унвон карда, ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмонро дар соҳаи маориф яке аз роҳҳои густариш ва рушти робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Зимни мулоқот робитаҳои байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва донишгоҳҳои техникии Дрезден ва Берлини Олмон хотиррасон карда шуда, барои дар оянда боз ҳам равнақ ёфтани ин робитаҳо ва ҷиҳати омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар навбати худ сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби А.Протманн изҳор дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров яке аз мактабҳои олии бонуфузи Тоҷикистон ба шумор рафта, бо донишгоҳҳои Олмон ҳамкориҳои зич дорад ва дар оянда низ ин робитаҳо рушд хоҳанд ёфт. Ӯ инчунин оиди таассуротҳои гирифтаи худ дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд ақидаҳои мусбии худро изҳор дошта, таъкид дошт, ки донандагони забони олмонӣ озодона ва буррову хоно бо ин забон суханронӣ мекунанд, ки ин боиси сарфарозист.

Дар мулоқот инчунин декани факултети забонҳои хориҷӣ, профессор Абдуллоева М.А. оиди фаъолияти кафедраи забони олмонӣ суханронӣ намуда, барои донишҷӯёну омӯзгорони кафедра ташкил намудани семинарҳо ва курсҳои бозомӯзиро ба ҷаноби сафир пешниҳод намуд. Чанде аз омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони кафедра роҷеъ ба таҳсил дар донишгоҳ ва нақшаҳои ояндаи худ суханронӣ намуда, аз ҷаноби сафир хоҳиш намуданд, ки чунин чорабиниҳо мунтазам барпо гардида, семинарҳои омӯзишӣ бештар ташкил карда шаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ