​Алгоритми Форд-Фалкерсон дар ҳалли масъалаи ҷараёни максималӣ

Маҳфили намунавии илмии донишҷӯёни кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор дар мавзуи “Алгоритми Форд-Фалкерсон дар ҳалли масъалаи ҷараёни максималӣ” доир шуд.

Маҳфили мазкур бо номи “Санъати барномасозӣ” амал намуда, моҳе як маротиба баргузор мегардад.

Дар маҳфил як қатор маърӯзаҳо шунида шуда, доир ба алгоритми Форд-Фалкерсон маълумоти муфассал дода шуд.

Гуфта шуд, ки алгоритми мазкур барои муайян сохтани ҷараёни максималӣ дар шабакаҳои интиқолӣ, аз қабили нақли мусофисорон, қувваи барқ, газ аҳамияти бузург дорад.

Ҳамзамон, татбиқи амалии алгоритми мазкур дар мисоли мушаххас баён карда шуд.

Бо муҳокима ва табодули афкор маҳфил анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ