​Ҷаласаи Шӯрои олимон: натиҷагирӣ ва баррасии равандҳои фаъолият дар соли таҳсили 2023-2024

Ин навбат дар доираи ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ панҷ масъала баррасӣ шуд. Ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода имрӯз, санаи 24 июни соли 2024 баргузор гардида, тибқи рӯзнома нахуст қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳо ва протоколҳои ҷаласаҳои назоратии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.

Сатҳу сифати равандҳои фаъолияти факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, фаъолияти самти таълим дар донишгоҳ, иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар соли таҳсили 2023-2024, натиҷаи имтиҳоноти ниҳоии сессияи зимистона ва санҷиши марҳилаҳои якуму дуюми нимсолаи 1 барои донишҷӯёни низоми фосилавӣ, фаъолияти Маркази тестии донишгоҳ аз мавзуъҳои дигар буд, ки дар доираи ҷаласаи Шӯро таҳлил шуда, перомуни он масъулин гузориш доданд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода масъулинро оид ба масъалаҳои мавриди матраҳ пурсиш намуда, ҷиҳати таҳкими фаъолият ва ислоҳи камбудиҳо муваззаф намуд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ