ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОН: НАҚШАҲО БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ НАВ ТАСДИҚ ШУДАНД

Дар толори раёсати Донишгоҳ таҳти раёсати ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҷаласаи нахустини Шурои олимони донишгоҳ барои соли таҳсили 2025-2026 доир гардид.

Ҷаласа бо баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодӣ-молиявии донишгоҳ дар соли таҳсили 2025–2026 оғоз ёфта, дар доираи он ҳайати аъзои Шурои олимон, Раёсат, Раёсати хурди назди ректор, Комиссияи озмунии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», нақшаи кории ҷаласаи Шурои олимон, нақшаи солона ва нақшаҳои кории Шурои марказии таълимӣ-методӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо, марказҳо, институтҳо, созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ барои соли таҳсили 2025-2026 тасдиқ гардид.

Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин зимни баргузории ҷаласа муовинони соҳавӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ ва суханронӣ дар Рӯзи Дониш – Дарси сулҳ чораҳои мушаххас андешанд. Масъулин муваззаф гардиданд, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолият аз рӯи нақшаҳои тасдиқгардида корбарӣ намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия чораандешӣ намоянд.

Ректори Донишгоҳ таъкид кард, ки иҷрои босифати қарорҳои Шурои олимон ва татбиқи нақшаҳои тасдиқшуда барои рушди минбаъдаи донишгоҳ ва таҳкими мақоми он ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Ҷаласаи Шурои олимон бо қабули қарорҳои муҳиму созанда ба кори худ анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ