​Ҷаласаи Шўрои кор бо ҷавонони назди ректори ДДХ

Имрӯз дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди ректори донишгоҳ ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори Шӯро Усмонзода Аюб Ислом ректори донишгоҳ ширкат варзида, ҷаласаро ифтитоҳ намуд ва ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно сохт.

Усмонзода Аюб гуфт, ки фаъолияти Шўрои кор бо ҷавонони назди ректори донишгоҳ бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки бо ин қишри созандаи ҷомеа ба таври мунтазам, самарабахш ва бо истифода аз усулҳои муосиру таъсирбахш чорабиниҳои мақсаднок амалӣ намоянд. Маҷмўи тадбирҳои андешида дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон бояд аз нигоҳи манфиатнокӣ ва касбӣ ба таври ҷиддӣ тарҳрезӣ гардида, баҳри беҳтар намудани шароити зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти меҳнатию ҳаёти фарҳангии ҷавонон мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки баробари дигар масъалаҳои муҳиму калидӣ донишманду босавод, соҳибфарҳангу хештаншинос ба камол расидани насли наврасу ҷавон дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, бо ин мақсад бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуда истодааст. Баргузории ин озмунҳо воқеан ҳам барои афзун гардондани майлу рағбати наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ, таваҷҷуҳ ба арзишҳои волои миллӣ, дарёфти чеҳраҳои наву ҳунармандони варзида аз ҳисоби наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Исмоилов Хайёмиддин дар бораи рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонон баён гардидаанд, баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар ин самт якҷоя бо сохторҳои дахлдор баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалӣ андешида шуданд.

Қайд карда шуд, ки ҷавонони мо аз сиёсати бобарору умедбахш ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, бо иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Ҷавонони саодатманду ватандўсти кишвар дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар садоқату меҳри беандозаашонро ҳамчун пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат собит намуданд. Имрўз ҷавонони мо таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил менамоянд, барои омўзиши илму дониши муосир кўшиш мекунанд, ба забономўзӣ машғуланд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзида, пайваста баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои шоиста ва муаррифии фарҳанги пурғановати миллӣ ҷаҳду талош мекунанд.

Ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом ҷаласаро ҳусни анҷом бахшида, таъкид дошт, ки ҷавононро лозим аст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва шароите, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барояшон дар таҳсил, кору фаъолият, фароғату беҳдошти сатҳи зиндагӣ омода ва пешниҳод менамояд, самаранок истифода намуда, пеш аз ҳама сатҳи дониш ва маърифатнокии худро боло бардоред, ташаббускору созанда бошанд. Пайваста дар роҳи ташаккули ҳаматарафа ва солимии ҷисмониву маънавии худ кўшиш ба харҷ дода, бо ҷидду ҷаҳди комил дар роҳи дуруст тарбия ва ба камол расед. Дар ин раванд лозим аст, ки тамоми ҳастӣ ва нерўи ҷавонии худро барои саодати миллат ва ободии диёр равона намудан кӯшиш намоед. Ҷиҳати мунтазам баргузор намудани озмунҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандўстии ҷавонон ва таъмини фаъолонаи иштирокчиёни он саҳмгузорӣ карда шавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ