Ҷаласаи раёсат: ҳамкориҳои донишгоҳ бо лоиҳаҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Имрӯз, санаи 13 январи соли 2023 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии раёсат доир гардид.
Дар доираи ин иқдом як қатор масъалаҳо, аз ҷумла муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти докторантон, ҳамкориҳои донишгоҳ бо лоиҳаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯйи рӯзномаи ҷаласа перомуни рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҳуқуқшиноси донишгоҳ Бобоҷонова Саломат гузориш дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли ҳисоботии 2022 ба қабули шахсии ректори донишгоҳ, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар бинои Раёсати донишгоҳ доир мегардад, 88нафар шаҳрвандонмуроҷиат намудаанд. 81 адад муроҷиати хаттӣ ва 7 адад муроҷиати шифоҳӣ тибқи варақаҳои назоратӣ ба қайд гирифта шуда, дар асоси санадҳоимеъёрииҳуқуқиибатанзимдарорандаисоҳаитаҳсилотиолиикасбӣ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки муроҷиати шаҳрвандон дар рӯзҳои қабул нисбат ба соли гузашта наздик ду маротиба кам шудааст, ки ин аз фаъолияти самарабахши сохторҳои донишгоҳ дарак медиҳад.
Мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Раҷабов Боҳир зимни баромади худ дар бораи вазъи фаъолияти шуъбаи докторантура ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии докторантон маълумот дод.
Зикр шуд, ки раванди таълим дар зинаи докторантура дар 15 факултети донишгоҳ тибқи Низомномаи ташкили таълим дар докторантураи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, аз рӯи 23 ихтисосҳои амалкунанда нақшаҳои таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида мавҷуд мебошад.
Соли таҳсили 2021-2022 26 нафар донишгоҳро аз рӯи 12 ихтисос докторантураро хатм намуданд.
Дар маҷмӯъ, дар 3 соли охир зинаи докторантураро 55 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо, 10 нафарашон ҳимояи рисолаҳои илмиашонро муваффақона дифоъ намуданд, ки 18,2% -ро ташкил медиҳад.
Натиҷаҳои ҳамкории донишгоҳ бо лоиҳаҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи ERASMUS+, сафоратхонаҳо, ташкилотҳо ва фонҳои байналмилалӣ дар гузориши мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мирсаминова Гузал шарҳ ёфт.
“Яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ густариши ҳамкориҳо бо барномаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ERASMUS + ба шумор меравад, ки дар ин ҷода низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра кори чор лоиҳаҳое, ки солҳои пешин ба даст оварда шуда буд, идома ёфтанд. Дар ин давра мутобиқи нақшаи мавҷуда чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, иттилоотӣ ва ҳисоботӣ гузаронида шуданд”
Шоистаи таъкид аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри густариши робитаҳои байналмилалӣ тадбирҳои судманд андешида, дар самти баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар байни муассисаҳои олии хориҷи кишвар иқдоми заруриро роҳандозӣ мекунад.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом масъалаҳои ироашударо мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати таҳкими фаъолият ва ҷоннок намудани корбарӣ барои расидан ба дастовардҳои арзанда масъулинро муваззаф намуд.
Бо қабули қарори дахлдор ҷаласаи раёсат ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил