Ҷаласаи нахустини Шӯрои олимон: дурнамои фаъолият муайян шуданд
Ҷаласаи нахустини Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи он шинос намуд.
Дар доираи ҷаласа ҳайати аъзои Шӯрои олимон, раёсат ва раёсати хурди назди ректор ва комиссияи озмунии донишгоҳ муайян гардида, нақшаи кории ҷаласаи Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2024-2025 тасдиқ шуд.
Ҳамзамон, нақшаи солона ва нақшаҳои кории шурои марказии таълимӣ-методӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо, марказҳо, институтҳо, созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ муайян ва тасдиқ шуданд.
Бо вазифагузорӣ дар назди масъулин ҷиҳати расидан ба дастовардҳои арзанда дар соли нави таҳсил ҷаласаи нахустини Шӯрои олимон анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил