Ҷаласаи нахустини Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-073
Имрӯз дар толори хурди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи нахустини Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-073 аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) ва 07.00.07 – Мардумшиносӣ, этнология ва антропология баргузор гардид.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ифтитоҳ бахшида, иттилоъ дод, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2023, №07 дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-073 аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) ва 07.00.07 – Мардумшиносӣ, этнология ва антропология таъсис дода шуд.
Роҳбарияти донишгоҳ Раиси Шурои диссертатсионӣ, муовин, котиб ва аъзои онро муаррифӣ намуда, афзуд, ки аксари аъзои Шӯро устодони соҳибмактаб дар равияи илми таърихнигорӣ буда, барои омода намудани кадрҳои соҳибунвон дар донишгоҳ саҳми арзишманд мегузоранд. Аз ҷумла, профессор Муллошо Давлатов ба ҳайси раиси Шӯро, профессор Набизода Ваҳҳоб муовини раиси Шӯро, дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов котиби илмии Шӯро ва маҷмуан 11 нафар аъзои дигари он муаррифӣ шуданд.
Дар доираи ҷаласаи мазкур фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Шӯрои мазкур шунида шуда, аъзои Шӯро вазифадор шуданд, ки кору фаъолияташонро дар асоси Низомномаҳои амалкунанда ба роҳ монанд.
Инчунин дар ҷаласа, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июни соли 2023, №295 доир ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Шӯрои диссертатсионӣ ва тартиби додани дараҷаҳои илмӣ муҳокима шуд.
Бо баррасии масоили рӯзномаи ҷаласа ва тарҳрезии нақшаҳои минбаъда ҷиҳати тарбия ва омода намудани кадрҳои арзишманд ва омӯзгорони соҳибунвон ҷаласаи нахустини Шӯрои диссертатсионии мазкур ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил