АКСИЯИ ИДОНА: МЕҲРИ МОДАР – БАҚОИ ЗИНДАГӢ
Бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мақоми баланду муқаддаси модар ва ҳамчун рамзи эҳтиром ба занону бонувони Донишгоҳ санаи 5 марти соли 2026 бахшида ба «Рӯзи Модар» дар бинои таълимии №2 аксияи идона таҳти унвони «Меҳри модар – бақои зиндагӣ» баргузор гардид.
Аксияи мазкур бо ташаббуси садорати факултети забонҳои шарқ роҳандозӣ шуда, дар фазои гарму идона сурат гирифт. Дар доираи ин иқдом донишҷӯён занону бонувони Донишгоҳро бо фарорасии Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, нақши арзишманди онҳоро дар таълиму тарбия, рушди маънавӣ ва камолоти инсон муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар рафти аксия як қатор устодон ва кормандони Донишгоҳ низ иштирок ва аз ташаббуси донишҷӯён изҳори сипос карда, чунин иқдомро ҳамчун нишонаи эҳтиром ба мақому манзалати зан ва модар муҳим арзёбӣ намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил