Ҳафтаи забони англисӣ: озмун, маҳфил, чорабинӣ....
Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забони англисӣ ҳафтаи забони англисӣ гузаронида шуд.
Дар доираи ин иқдом як қатор чорабиниҳо ташкил шуданд. Аз ҷумла, озмуни шеърхонӣ бо забони англисӣ, маҳфили “Дурахши афкори Фаранг”, “Ҳуруфчини беҳтарини компютерӣ (бо ҳуруфи англисӣ)”, маҳфили “Сайёҳони забондон”, озмуни беҳтарин донандаи зарбулмасал ва мақол ба забони англисӣ, маҳфили “Кишваршиносӣ”, озмуни “Китобхони беҳтарин” ва озмуни “Газетаи деворӣ ва муаррифии беҳтарин” доир гардид, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, маҳорати хуб нишон доданд.
Декани факултет Ислом Раҳимов зимни ифтитоҳи ҳафтаи забони англисӣ таъкид намуд, ки ҳадаф аз ин иқдом ҷалби донишҷӯён ба ташаббусҳои тоза, таҳкими сатҳи забондонии онҳо, ташкили чорабиниҳои судманд ва ба ин васила таъмини пешрафти фаъолияти кафедраи забони англисӣ унвон намуд.
Шоистаи таъкид аст, ки донишҷӯёне, ки давоми ҳафтаи забони англисӣ фаъолнокӣ нишон доданд ва дар озмунҳо ғолиб омаданд, аз ҷониби садорати факултет қадр хоҳанд шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил