Ҳафтаи илм дар факултети геоэкология ва туризм
Дар факултети геоэкология ва туризм ҳафтаи илм оғоз гардида, дар доираи он як қатор чорабиниҳои илмӣ бо ташаббуси кафедраҳо роҳандозӣ гардиданд.
Пеш аз оғози баргузории ҳафтаи илм ҳозирин аз дастовардҳои устодони факултет ва фаъолияти лаборатория, музейи геологӣ дидан намуданд. Чорабиниро декани факултет Музаффар Абдухолиқзода ҳусни оғоз бахшида, оид ба баланд бардоштани савияи илмии омӯзгорони ҷавон ва ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани онҳо ибрози назар намуд.
Баъдан сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Ромиз Абдуллоев ширкат варзида, қайд намуд, ки дар факултети геоэкология ва туризм ҷиҳати татбиқи солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” давоми ду соли охир лабораторияҳои озмоишиву ташхисӣ бо таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дода шуданд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии ҷавонон муосидат менамоянд.
Дар идома мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Мурод Собиров дар мавзуи “Мавқеи иншоотҳои локалии партовобтозанамоӣ дар ҳифзи захираҳои об” маърӯза ироа намуд.
Дар интиҳои перомуни мавзуи ироагардида миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Маркази итттилоот ва таҳлил