​Ҳафтаи илм: чорабиниҳо дар кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар доираи Ҳафтаи илм як қатор чорабиниҳо доир гардид. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ дар мавзуи “Таъсири ҳолати эмотсионалии манфӣ ба саломатии шахс” мизи мудаввар баргузор шуд.

Зимни ироаи маърӯзаҳо устодон оид ба мубрамияти муаммои ҳолати эмотсионалии манфӣ, фаъолияти шарти асосии зуҳурот ва тарақиёти психика, аҳамияти эмотсия ва ҳиссиёт, вазифаҳои фаъолгардонӣ, сафарбаркунии эмотсия, вазифаи тарбияи шуурнокӣ ва барқароршавии сифатҳои психикии шахсият дар омӯзгорону психологон маълумот доданд.

Ҳамзамон, дар кафедраи мазкур семинари илмӣ-назариявии намунавӣ дар мавзуи “Нақши оила дар тарбияи фарзанд” ва маҳфили илмии намунавӣ “Равоншиносони ҷавон” оид ба “Таъсири худбаҳодиҳӣ ба ташаккулёбии шахсияти хонандагон” баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ