​Ҳафтаи илм: аз семинари илмӣ то мизи мудаввар

Дар доираи ҳафтаи илм бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ як қатор чорабиниҳо доир гардиданд.

Аз ҷумла, дар мавзуъҳои “Хусусиятҳои инкишофи наврас” ва “Ҳисси эмпатия” семинари илмӣ - назариявии намунавӣ, маҳфили илмии намунавии “Равоншиносони ҷавон” дар мавзуи“Худбаҳодиҳӣ дар синни наврасӣ”, таҳти унвони “Масъулияти баланд дар ташаккули бахудбадиҳии синни наврасӣ”, “Шахсият ва қобилияти хонандагон”, “Татбиқи Паёми Пешвои миллат дар соҳаи илму маориф“, “Алоқамандии ҳиссиёти наврас бо соҳаи эҷодиёти онҳо” ва “Ташаккули хусусиятҳои мусбии шахсияти хонандагон бо воситаи ба роҳ мондани ҳамкории мактаб ва оила” мизи мудаввар доир шуд.

Дар чорабиниҳои мазкур доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ