Аёдати афсарону сарбозон аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эомомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро сармашқи кори худ қарор дода, пайваста ба дар арафаи идҳо ба аёдати афсарону сарбозон мераванд.
Ин навбат сарвари Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом бахшида ба Рӯзи Ваҳдаи миллӣ ва Иди саиди Қурбон ба қисми ҳарбии 03377 (Комендатураи ҳарбиигарнизони Суғд) ташриф оварданд. Дар қисми низомӣ қумандон полковник Файззода Баҳром меҳмононро пешвоз гирифт. Сипас, дар майдончаи сафароӣ саф ороста шуд. Зимнан профессор Усмонзода Аюб Ислом ҳамаи афсарону сарбозонро ба муносибати 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, афзуд, ки маҳз фитрати азалӣ, хирадмандӣ ва сиёсати оқилонаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи шикастнопазир ва ҷидду ҷаҳди мардуми баномуси Тоҷикистон буд, ки ҷангу хунрезӣ қатъ гардида, барои истиқрори сулҳ талошу мубориза сурат гирифт.
Ҳамзамон меҳмонон аз хобгоҳи сарбозон, шароити зисту зиндагӣ, хонаҳои маишӣ, ошхона, бинои таълимӣ ва ҷойҳои машқу тамрини онҳо дидан намуданд.
Аз ҷониби сарвари Донишгоҳ ба афсарону сарбозони қисми низомии мазкур хуроки нисфирӯзӣ ва дастурхонииодона ороста шуд.
Баъди хӯроки нисфирўзӣ афсарону сарбозон аз ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Гуфта шуд, ки ба шароити буду боши онҳо пайваста таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ҳар иду ҷашн ба сарбозон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва дастархон ороста мегардад.
Таъкид шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф ва ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ буда, барои тарбияи рӯҳию ҷисмонӣ ва сайқали тафаккури ҷавонон мактаби бузург аст.
Маркази иттилоот ва таҳлил