АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ
Дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳ таҳти унвони “Адолати таърихӣ ва эҳёи миллат” чорабинии илмӣ- маърифатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ ба масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои қаҳрамонони миллат ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба овардани капсулаҳо бо хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад бахшида шуд.
Чорабиниро декани факултети забонҳои шарқ Тоҳирзода Осимҷон оғоз намуда, оид ба нақши шахсиятҳои таърихӣ дар ташаккули давлатдории тоҷикон суханронӣ кард.
Мудири шуъбаи табъу нашр, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳимов Ислом дар мавзуи “Инъикоси ҳақиқати таърихӣ дар матбуот ва воситаҳои ахбори омма” ва мудири шуъбаи тарбия Ҷалолзода Хайёмиддин дар мавзуи “Бозгашти мушти хок – эҳёи хотираи миллат” маъруза ироа намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки бо таҳдидҳои геополитикӣ ва таҳаввулоти фарҳангӣ тавсиф мешавад, ҳифзи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба ниёгон заминаи асосии устувории давлатдории миллиро ташкил медиҳад. Маҳз бо ташаббус ва дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, овардани капсулаҳо бо хоки рамзӣ аз маҳалли дафни љонфидоёни миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ходими барҷаста Нисор Муҳаммад рӯйдоди бузурги сиёсӣ, маънавӣ ва таърихӣ буда, ин иқдом на танҳо як маросими рамзӣ, балки амали соҳибдавлатӣ ҷиҳати барқарор намудани адолати таърихӣ ва пайванди маънавии наслҳо мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба таърих ва хизматҳои фарзандони содиқи миллат дар тарбияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад.
Маркази иттилоот