"Адолат ва ҳукуқ": шеваҳои муфиди муқовимат бо коррупсия баррасӣ шуданд

Дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва ниҳодии муқовимат бо коррупсия тақвият ёфта истодааст. Дар доираи чунин ибтикорот имрӯз, санаи 24 сентябр дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ маҳфили навбатии илмии донишҷӯёни назди кафедраи ҳуқуқшиносӣ "Адолат ва ҳуқуқ" баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро декани факултети таърих ва ҳуқуқ номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборов Иброҳим ироа намуд ва иштирокдоронро бо барномаи маҳфил шинос кард.
Мувофиқи барнома сухани аввал ба донишҷӯи бахши 5 факултети таърих ва ҳуқуқ Ҳоҷиев Фарҳод дода шуд. Мавсуф дар мавзӯи "Муқовимат бо коррупсия дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ" маърӯзаи худро ироа намуд. Зимни суханронии худ Ҳоҷиев Фарҳод аз ҷумла қайд кард, ки дар шароити муосири рушди ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки тамоюли асосӣ ба самти демократикунонии ҷомеа ва давлат мебошад, коррупсия метавонад яке аз монеаҳои ҷиддӣ ва роҳи амалисозӣ ва мустаҳкам намудани ҳокимияти давлатӣ гардад. "Дар самти таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти мухталифи он дар Тоҷикистон мо зарур медонем, ки ҳамагуна навъи коррупсионии тақсими вазифаҳо аз он ҷумла фурӯши онҳо ва ошнобозӣ дар ин самт маҳкум карда шавад" - зикр намуд Ҳоҷиев Фарҳод.

Донишҷӯи курси 2-и факултети физикаю техника Ниёзова Машҳура дар мавзӯи "Қонун - зодаи тафаккур ва эҷоди мардуми Машриқзамин" баромад намуда, дар суханронии худ бисёр маълумотҳои диққатҷалбкунандаро ба самъи ҳозирин расонид.
"Оилаҳои ҳуқуқи ҷаҳони муосир" - бо чунин ном маърӯзаи охиронро донишҷӯи курси 5 факултети таърих ва ҳуқуқ Шарифзода Абдумуъмин ироа намуд.
Дар хотима иштирокдорон аа маърӯзачиён аз ҷониби кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва садорати факултети таърих ва ҳуқуқ бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Сафаралӣ Сангинов,

аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ