АҲАММИЯТИ ЗАБОН ВА ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола Паёми Президенти кишвар манзури Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар умуман, мардуми шарифи кишвар мегардад. Беш аз бист сол шуд, ки Паём ба мардум ироа мешавад ва тавассути он самтҳои муҳим ва афзалиятдори ҷомеа маврди таҳлилу арзёбӣ қарор мегиранд. Зикр бояд намуд, ки дар ин санади муҳимми стратегӣ масъалаҳои зиёде мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳои соҳаҳои мухталиф ва камбудиву роҳҳои бартараф намудани онҳо низ тазаккур дод мешавад. Дар радифи масоили мазкур масъалаи забон ва забономӯзӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, дар ҳар баромаду вохӯрии худ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа, минҷумла дар Паёми хеш, доир ба забон ва ҷойгоҳи он дар тамаддуни миллати тоҷик ибрози назар менамояд.
Таваҷҷуҳ зоҳир намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки Президенти кашвар ба ин рукни ҳастии миллат эҳтиром мегузорад, зеро забон дар таърихи миллат нақши мондагор дошта, ҳамчу оинаи тамомнамоест, ки дар он таҳаввулу таназзули соҳибони он мунъакис мешавад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи вежаи Эмомалӣ Раҳмон ба забон буд, ки боиси таълиф гардидани рисолаи мондагори «Забони миллат-ҳастии миллат» шуд, ки дар нахустсаҳифаи он нуктаи зайл дарҷ гардидааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Агар мо ба таърихи сахту сангин, аммо пурбору рангини миллати тоҷик назар афканем, бароямон равшан мегардад, ки дар ин масири тулонӣ танҳо забонаш ин миллатро аз вартаи муҳлик раҳо бахшид ва нагузошт, ки мисли баъзе миллатҳо номаш дар китоби ҳастӣ зудуда шавад.
Қавму қобоили саҳронишину бодиягарди зиёде ба қаламрави забони тоҷикӣ мутаваттин шуданд, дину фарҳанги хешро то андозае ҷорӣ намуданд, аммо ҳеҷ кадоме муваффақ нашуд, ки забони мондагору зебои тоҷикиро маҳв созад. Ба қавли шоири соҳибноми тоҷик Бозор Собир: Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун, Гарчи бо габру мусулмон ҳамсаро буд. Ҳамрасу ҳамхудо буд, Дар забон аммо ҷудо буд. Маҳз ҳамин арзиши волоро соҳиб будани забон ва як ҷузви ҳувияти миллӣ ба шумор рафтани он боис шудааст, ки Президенти кишвар дар ҳар баромади худ, аз ҷумла Паёмҳои ҳамасолаи хеш ба мардуми кишвар, ба забон ва масоили забономӯзӣ дар замони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намудааст, ки «забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон мебошанд».
Ин бесабаб набуда, дар ҳақиқат забон рукни ҳастии миллат ва бунлоду таҳдоби он мебошад, ки дар масири таърих ҳамаи дастоварду муваффақиятҳо дар он мундариҷ гардида, наметавон гузаштаи ҳеҷ қавму қабила ва халқияту миллатеро бидуни забони он тасаввур намуд.
Муҳимтарин василае, ки миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, ҳастии онро рақам мезанад забон аст, зеро агар ҳар халқе ин пояи ҳастии хешро аз даст дод, сарнавишти он низ тағйир мепазирад ва ҳувияти он бохта мешавад. Зуҳури ислом, ташаккулу рушди фарҳанги исломӣ, тавсеаи забони арабӣ дар қаламрави бузурги ислом ва сарнавишти як қатор халқиятҳое, ки дар зери омилҳои фавқ тағйир пазируфтанд, дурустии андешаи моро таъйид месозанд. Ин нукта низ бояд дар хотир дошта шавад, ки «Ибтидо ва интиҳои ҳама гуна маданияти миллӣ забон аст, забони модарии халқест, ки эҷодкори фарҳанги худ асту онро пайваста ҳамлу ҳимоят мекунад; хосса забони мардуме, ки ӯро парокандаю парешносафарӣ насиб шудааст».
Яке аз масъалаҳое, ки марбут ба забон будаву дар Паём ба он таваҷҷуҳ равона гардидааст, пок доштани забон аз ҳар газанд ва дар замони имрӯз, ки ҳар лаҳза таҳоҷуми фарҳангӣ эҳсос мешавад, ҳифозати асолати он мебошад. Чунонки Президенти ҷумҳурӣ дар ин ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ доир ба ин масъала чунин таъкид кардааст: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».
Аз ин нукта, ки иқтибос карда шуд чунин бармеояд, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне забони модарии худ бирасем ва омӯзиши забонҳои дигар, махсусан русиву англисиро низ дар мадди назар дошта бошем. Ин ҳақиқати бебаҳас аст, ки бидуни донистани забони модарӣ аз худ намудани забонҳои дигар душвор ва ҳатто номумкин аст. Ҳамчунин ҷиҳати ошноӣ бо гузаштаи таърихии миллат ва дар сатҳи зарурӣ омӯхтану аз худ кардани забони тоҷикӣ «Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд».
Аз ин нуктаи ҳакимона ба хулосае омадан мумкин аст, ки донистани забон ва поку беолиш доштани ин пояи ҳастии миллат танҳо бо мутолиаи китоб ба кас даст медиҳад. Зеро ҳар нафаре, ки китоб намехонад ва аз неъмати донишу савод маҳрум аст, на забони модарии хешро дар сатҳи дилхоҳ медонад ва на онро метавонад софу салис нигоҳ дорад. Забон ва нақши онро дар ҳамаи марҳилаҳои таърихии ҳастии миллати тоҷик метавонем мушоҳида намоем. Бавижа дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъсири забонро дар рушду инкишофи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар бахубӣ мушоҳида карда метавонем. Ба ин нукта дар яке аз паёмҳои Сарвари кишвар ба муносибати Рӯзи забон чунин ишора гардида буд: «Дар давраи истиқлолияти ҷумҳурӣ ягон дастоварди илму фарҳанг, равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷикро бе иштироки забони давлатӣ тасаввур кардан мумкин нест. Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз ин иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳалаи кӯтоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ нақши ваҳдатовариро адо намуд.
Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки забон барои як давраи муайяни таърихӣ ва ё танҳо барои як насл хизмат намерасонад, балки забон худ таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад. Аз ин рӯ, забон дар ҳамаи давру замонҳо ба эҳтирому эҳтиёт ва инкишоф ниёз дорад. Борҳо таъкид шудааст, ки забон омили асосии рушди миллат аст ва миллату давлату забон пуштибони ҳамдигаранд».
Махсус тазаккур дода шудааст, ки дар замони ҷаҳонгаройӣ, ки андак бепарвоӣ метавонад тақдири забонҳову фарҳангҳои миллиро ҳал намояд, баробари таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мо набояд нисбати забони модарии худ бетафовут бошем ва нагузорем, ки манзалати он дар зинаи паст қарор гирад. «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем».
Дар паси ҳар забони байналмилалӣ мероси гаронарзиши тамаддуну маданият, адабиёту фарҳанг ва дастовардҳои маънавие меистанд, ки баробари омӯхтани ин забонҳо дастрасӣ ба онҳо фароҳам гардида, ҷаҳонбиниву дидгоҳи шахс густариш пайдо менамояд. Донистани забонҳои русиву англисӣ имрӯз барои ҳар шаҳраванд, минҷумла ҷавонон, хеле муҳим буда, аз бар намудани онҳо дарҳои зиёди илму техникаро ба рӯи шахс боз менамоянд. Алалхусус, донистани забони англисӣ, ки мувофиқи маълумотҳои мавҷуда аксарияти иттилооти ҷаҳони муосир дар он мундариҷ аст, ниҳоят муҳим шумурда мешавад.
Азбаски забони англисиву русӣ дар арсаи ҷаҳонӣ имрӯз аз мавқеи муҳим бархӯрдор буда, соҳби мақому ҷойгоҳи намоён ҳастанд ва зарурати донистани онҳо эҳсос мешавад, аз ҷониби Пешвои миллат ба масъулин чунин супориш дода шуд: «Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад».
Агар ба ин таъкиди Пешвои миллат бо диққат назар андозем, бароямон маълум мегардад, ки дар асри битсу як, ки асоси онро технологияву иттилоот ташкил медиҳад, надонистани забонҳои байналмилалӣ, махсусан русиву англисӣ, аз дастовардҳои ҷаҳони муосир дур будан ва дар ҳошияи замон умр ба сар бурадан аст. Зеро забони русиву англисӣ, на танҳо воситаи муошират дар арсаи байналмилалӣ мебошанд, балки забони илму техника ва технологияи навин ҳастанд, ки донистани онҳо барои муаррифӣ намудани дастовардҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳатмӣ мебошад. Омили дигари ҳатмӣ будани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ аз нигоҳи Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки дар замони имрӯз барои пеш бурдани тамоми самтҳо мутахассисони донандаи забонҳои мазкур басе зарур аст.
Махсусан барои равнақ бахшидани соҳаи сайёҳӣ, ки баҳри рушду тавсеи он таваҷҷуҳи вежа равона гардидааст, бояд нафароне ҷалб карда шаванд, ки донандагони хуби забонҳои русиву англисӣ бошад. Ин нукта дар Паёми мавриди назар ба тариқи зерин мундариҷ шудааст: «Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем».
Дар замони муосир, ки дигар зиндагии башарро наметавон бе технология тасаввур намуд, роҳи аз ҳама асосӣ ва муҳимми ҳамқадами замон гардидан, азхуд намудани забонҳои байналмилалӣ мебошад. Омода намудани мутахассисони забондон роҳи асосии пайвастан ба ҷаҳони пешрафта ва муттасил гардидан ба раванди технологияи навин аст, ки дар сурати наомӯхтани забонҳои васлгар, баробари барканор мондан аз тараққиёт ва пешрафт мебошад. Хулоса, забон ва сарнавишти он ҳамеша дар мадди назари Президенти кишвар буда, пайваста дар ҳар баромаду суханрониҳои хеш ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Далели ин гуфта метавон зикри масъалаи забони модарӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар Паёми мазкур донист. Ба ин масъала таваҷҷуҳ намудани Сарвари кишвар бесабаб набуда, бидуни тардид забон ҳамрадифи мафҳуми миллат буда, ғамхорӣ нисбати он, ғамхорӣ нисбати ҳастӣ ва ояндаи дурахшони миллат аст. Аз баррасии масъалаи мазкур чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо боло бурдани саводу маърифати насли наврас, тавсеа додани худшиносиву ҳофизаи таърихӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон мебошад. Вақте як ҷузви ҳувияти миллӣ будани забон собит шудааст ва ин рукни ҳастӣ дар тули таърихи дарозо ва пуршебуфароз миллатро аз вартаи муҳлик раҳо бахшидааст, пас таваҷҷуҳ намудан ба вазъи амалкарди он барои ҳамагон зарур буда, пок нигоҳ доштани он вазифаи ҳар шаҳрванд ба шумор меояд.
Омӯхтани забонҳои дигаре, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон шуҳарат доштаву ҳамчун воситаи муоширати милали мухталиф эътироф шудаанд, гиреҳи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиро боз намуда, шароити муаррифӣ намудани дастовардҳои миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва омӯхтани техникаву техналогияи навтарин фароҳам месозад.
Б.Осимова,
устоди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»