Аҳамияти асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ватанпарастии ҷавонон
Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ва "Забони миллат - ҳастии миллат" таъсири хуб дорад. Бо ин мақсад дар факултети филологияи тоҷик ба расмият даромадааст, ки дар дарсҳо пеш аз оғози мавзуи нав бо донишҷўён доир ба ягон китоби пурғановати Пешвои миллат суҳбат намуда, суолу ҷавобҳо доир намоянд.
Чунин ташаббус имрӯз дар машғулияти методикаи таълими забони тоҷикӣ сурат гирифт, ки донишҷӯён бо асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно гардида, доир ба асарҳои хондаашон маърўзаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.
Ҳамчунин дар факултети филология тоҷик бо асари ҷадиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор»,ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти арзишманд медиҳад, шинос гардиданд. Донишҷӯён ҳангоми мутолиаи асари мазкур доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот гирифта, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намоянд. Гуфта шуд, ки чунин иқдом дар факултет пайваста роҳандозӣ мегардад. Зеро китобҳои таълифнамудаи Роҳбари мамлакат ҳар нафарро ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои мардуми куҳанбунёди тоҷик ошно месозад.
Маркази иттилоот ва таҳлил