Ифтитоҳи ҳафтаи илм дар факултети забонҳои шарқ
Ҳафтаи илм дар факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгощи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо баргузории маҳфили ҳозирҷавобон ифтитоҳ ёфт.
Маҳфилро декани факултет, номзади илмҳои филология дотсент Ислом Раҳимов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо нақша-чорабинӣ, ки бахшида ба ҳафтаи илм таҳия ва тасдиқ шудааст шинос кард.
Дар маҳфил донишҷӯёни соли дуюми факултет ба гурӯҳҳои “Анворуаш-шарқ” ва “Ашҷору мусмиратун” тақсим шуда, доир ба қоидаҳои наҳву сарф, мамолик ва шоирони араб байни ҳам саволу ҷавоб намуданд.
Аз рӯйи холгузории ҳакамон ҳайати гурӯҳи “Ашҷору мусмиратун” ғолиб гашта, бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадр гардиданд.
Мадумаров Нишонбой, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"