​Паёми Пешвои миллат қутбнамои фардои дурахшон

Паёми Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санади таҳлилӣ, дурнамо ва муайянкунандаи рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, мардуми кишвар ироаи онро ҳамасола бесаброна интизор мешаванд.

Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26.12.2018 ироа гардид, Паёми 20-умини Сарвари давлат ба шумор рафта, далелу таҳлилҳои он бевосита аз рушди устувори мамлакат шаҳодат медиҳанд.

Мардуми кишвар аз тамошои паём ва дастуру супоришҳои баённамудаи Пешвои миллат хушнуд ва қонеъ гардиданд, махсусан нуқтаҳое, ки оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ то 22,5%, мунтазам баланд гардидани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, дастгирии ятиму маъёбон ва дигар қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, Соли рушди маҳал, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021, ду сол пурра манъ гардидани санҷишҳои тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба соҳибкорони ба истеҳсолот машғулбуда, дар соли 2019 ба кор андохта шудани агрегати 2-юми НБО Роғун руҳияи мардуми кишварро боз ҳам баланд гардонид.

Соҳаи маориф ва тандурусти ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат қарор дошта, дар Паём ҷиҳати донишандӯзӣ, забономӯзии насли ҷавон, пешгирии сироятшавии шаҳрвандон ба бемориҳои вазнин, роҳ надодан ба муомилоти дорувории пастсифат, расонидани ёрии аввалияи ройгон аз ҷониби табибон дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Ҳамин тариқ, мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат, Паёмро ҳамчун дастури роҳнамо қабул намуда, барои тадбиқи амалии он тамоми саъю кӯшиши худро харҷ хоҳанд кард.

Ҷабборов И.Р. н.и.т., дотсент

декани факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ