ДДХ: Дар заминаи густариши равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон мулоқот доир гашт

Дар заминаи сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва ҳамчунин бахшида ба 24–умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии гурӯҳи таблиғотии кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ доир гардид.

Вохӯриро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода оғоз бахшида, доир ба аҳдофи мулоқот ва муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан кард.

Гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати Шарипов Аминҷон Абдуғаффорӣ - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маликисломӣ Наим Мунаввар - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Муинова Матлуба Сайфиддиновна- собиқадори ҳизб, директори мактаби хусусии “Гулчини маърифат” ва Шарипов Абдуҳаким Шарипович - собиқадори ҳизб, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров оид ба натиҷаҳо аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳарф заданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ