​Ҷамъбасти ҳафтаи хитойӣ: аз шеърҳои чиниву рақси “Аждаҳор” то намоиши “Татзи Чуан”

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ ҷамъбасти ҳафтаи хитойӣ доир гардид, ки дар он намояндагони Донишкадаи Конфутсий иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби кадрҳои ҷавони ихтисоси забони чинӣ -Эминҷон Азимов, Нуриддин Абдуллоев, Ли Яҷие, Ҷино Абдулсаттор, Наргиза Ҷумаева ва Нилуфархон Нуридинова маърӯзаҳо ироа гардид.

Тариқи намоиши видеоӣ ойҳои машҳури шаҳри Хуҷанд бо забони чинӣ муаррифӣ шуд.

Профессори кафедра Низомиддин Муродӣ дар бораи робитаҳои судманд ва ҳамкориҳои самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин сухан намуд.

Декани факултет, дотсент Ислом Раҳимов дар мавзӯи “Монандии ҷашнҳои анъанавии тоҷикӣ ва чинӣ”, муаллима Нилуфархон Нуридинова дар мавзӯи “Либоси миллӣ” ва муаллим Ли Яҷие перомуни “Ҷашнҳо ва маросими Чин” маърӯза намуданд.

Аз тарафи донишҷӯён хор бо номи 时间都去哪儿了иҷро карда шуда, шеърҳо бо забони чинӣ қироат карда шуданд.

Ҳамзамон, саҳнача дар мавзӯи “Пайдоиши соли нави чинӣ” ба намоиш гузошта шуд, ки ба чорабинӣ маънои бештар бахшид.

Рақси “Аждаҳор” ва рақси “Covid-19”, ки дар он донишҷӯён либоси ҳарбиро ба бар намуда, бо истифода аз ниқоб рақс намуданд, аҷоиб буд.

Баромади аъзои “Taj smile” ва намоиши “Татзи Чуан” дар иҷрои донишҷӯён табъи иштирокчиён ва меҳмононро болида намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ