​Симпозиуми байналмилалии “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ”

Санаи 16 октябри соли 2020 дар толори раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи кории Симпозиуми байналмилалии “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ” дар ду бахш: Муҳити илмӣ ва адабии замони Камоли Хуҷандӣ ва Нақши Камоли Хуҷандӣ дар рушди адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар кори ин ҳамоиши бошукуҳ намояндагони қишри зиёии мамлакат ва кишварҳои хориҷ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки ин маъракаи муҳими фарҳангӣ ҷиҳати омӯзишу таҳқиқи мероси гаронбаҳои Камоли Хуҷандӣ ба таври комил заминаи мусоид фароҳам оварда, дар боло рафтани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавон нақши назаррас мегузорад.

Аз ҷониби олимон, адибон ва шоирону нависандагон перомуни масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти Камоли Хуҷандӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.

Дар доираи бахши “Муҳити илмӣ ва адабии замони Камоли Хуҷандӣ” маҳорати Камоли Хуҷандӣ дар баёни матлаб, ҷойгоҳи ӯ дар барнома ва китобҳои дарсӣ, нуфузи шеъри шоир дар адабиёти тотор, андешаи миллй ва афкори ватандӯстӣ, таъбирҳои арабӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ ва мулоҳизаҳои устод Айнӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш дар бахши “Нақши Камоли Хуҷандӣ дар рушди адабиёти тоҷик” доир ба мавзуъҳои «Сабки ашъори Камоли Хуҷандӣ», “Шинохти Камоли Хуҷандӣ дар Аврупо ва Русия», «Таъсирпазирии Камоли Хуҷандӣ аз Амир Ҳасани Дехлавй», “Образи Камоли Хуҷандӣ дар насри замони истиқлол” ва ғайра маърӯзаҳои илмӣ шунида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Симпозиуми байналмилалии “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ” ба ифтихори 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ субҳи имрӯз дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ҷаласаи кории ин ҳамоиши бошукуҳ дар бахшҳо давоми рӯз идома ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ