​9 ҷойи ифтихории донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳти унвони “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” 9 мақоми ифтихорӣ соҳиб шуданд.

Озмуни мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, бо ба даст овардани 9 ғолибият Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми дуюмро соҳиб гардид.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар бахшҳои технологияҳои иттилоотӣ, география, сайёҳӣ, таърих, типологияи муқоисавӣ, психология ва педагогика ғолиб омада, сазовори мақоми ифтихорӣ шудаанд.

Аз ҷумла, ҷойҳои якум дар бахши технологияи иттилоотӣ сазовори донишҷӯи курси 4-уми факултети физика ва техника Шарифов Ҷабраил, дар бахши таърих донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих ва ҳуқуқ Турдиев Суҳроб, дар бахши типологияи муқоисавӣ Абдураҳимова Дилафрӯз, донишҷӯи курси 4-уми факултети забонҳои хориҷӣ гардид.

Се ҷойи дуюмро дар бахшҳои психология, география ва таърих донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Дадобоева Нодирабегим, факултети геоэкология ва туризм Атахонова Фарзонахон ва факултети таърих ва ҳуқуқ Содиқов Сомон соҳиб шуданд.

Ҳамзамон, донишҷӯёни донишгоҳ - Мухторова Мадинахон, Кучаков Шаҳбоз, Насимхонзода Маҳфузахон дар бахшҳои педагогӣ, технологияи иттилоотӣ ва сайёҳӣ мақоми сеюмро касб намуданд.

P.s. РаёсатиДонишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишҷӯёни фаъол – ғолибони озмуни ҷумҳурияии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” – ро ба муносибати ин дастовард ва баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҷавонони лаёқатманд пирӯзиҳои тоза таманно дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ