Мизи мудаввар: “Касбомӯзӣ - аз раҳнамоӣ”

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо иштироки устодони факултет дар мавзӯи “Касбомӯзӣ - аз раҳнамоӣ” мизи мудаввар доир гардид.

Мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ дотсент Зайтметов Ҳусейн ҳадафи ташкили мизи мудавварро шарҳ дода, дар бораи нақши равоншиносон дар ҷомеа сухан намуд.

Оид ба масъалаҳои психологӣ, роҳ ва усулҳои Гешталтерапия, Арт-терапия, гипнолог ва намудҳои гешталтерапия дотсенти факултет Ёраҳмедов Алиаҳмад маълумоти муфид манзур намуд.

Аҳамияти касбомӯзӣ ва нақши устодон дар интихоби касб дар доираи мизи мудаввар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ