Факултети филологияи тоҷик: Семинари таълимӣ-методӣ
Дар факултети филологияи тоҷик семинари доимамалкунандаи таълимӣ-методии «Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ»-и назди Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ баргузор гардид.
Дар оғоз аз тарафи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик китобҳои таълимӣ-методӣ, воситаҳои аёнии таълим дастовардҳо ва намунаи ҳуҷҷатгузории донишҷўён-таҷрибаомўзон ба намоиш гузошта шуд.
Дар мизи мудаввар устодон доир ба муносибати салоҳиятнокӣ дар раванди таълим, салоҳияти омўзгори мактаби олӣ ҷиҳати тайёр кардани тестҳои педагогӣ маърўзаи пурмуҳтаво намуданд.
Устодони донишгоҳ А. Шаропов, А. Абдуқодиров ва А. Бойматов вобаста ба масоили таълим дар донишгоҳ, муносибати босалоҳият ва бартарии он андеша ронданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил