​Донишҷӯи донишгоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии "Суруди Модар - Алла" мақоми аввалро касб намуд

Бо мақсади баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва ҳамчунин дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар-Ватан ва рамзҳои давлатӣ дар руҳияи наврасону ҷавонон ва дарёфт намудани соҳибистеъдодҳо, чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд, фестивал-озмуни вилоятии “Суруди Модар – Алла” бахшида ба Рӯзи Модар ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Муассисаи давлатии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд фестивал-озмуни вилоятӣ бо ҷалби 620 нафар ҷавонон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим суханронӣ намуда, ҳамгонро ба муносибати Рӯзи модарон ва баргузор гардидани Фестивал озмуни мазкур табрик намуд.

Дар чорабинии мазкур 5 нафар аъзои ҳакамон аз бахши кор бо ҷавонони Раёсат, аз театри тамошобини ҷавони шаҳри Хуҷанд, аз Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз иштирок намуданд.

Дар фестивал-озмуни мазкур 15 нафар ҷавонони касбу кори гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар даври аввали озмун ғолиб омода буданд фаъолона ширкат варзида, ҳунару истеъдоди хешро намоиш доданд.
Ҳамзамон, бо мақсади болидаруҳии иштирокчиёну меҳмонон аз ҷониби сарояндагони ҷавони вилоят барномаҳои ҳаҷвӣ ва сурудҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Модар пешкаш карда шуд.

Дар натиҷаи хол гузории ҳакамон дар озмун Раҳимова Фарзонабону аз МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров" сазовори ҷойи якум, Багадирпова Нодира аз шаҳри Исфара сазовори ҷойи дуюм ва Мирдодоева Фарангис аз шаҳри Истаравшан сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ