​Озмун барои устодону донишҷӯён дар рӯзномаи “Фараж”

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ҳаматарафаи низоми таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар аз 1-уми ноябри соли 2018 озмунеро таҳти унвони “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ” ва “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ”-и Тоҷикистонро дар ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Самак” роҳандозӣ намудааст.

Дар озмун баробари журналистон метавонанд, устодону донишҷӯён иштирок намуда, дар бораи устодони муассиса ва тарғиби онҳо мақолаҳову хотираҳои рангини худро пешниҳод намоянд.

Ғолибонро ҳайати комиссияи муштараки ҷомеаи журналистӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар натиҷаи таҳлилу баррасии маводҳои чопшуда, муайян мекунанд.

Озмун санаи 30-юми августи соли 2019 дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Натиҷаи ҷамъбасти озмун дар нашрияҳои давлативу мустақил ва сомонаву оҷонсиҳои интернетӣ чоп мешаванд.

Тӯҳфаҳо барои ҷойҳои ифтихорӣ

Ҷои аввал: - компютер (1 ададӣ аз рӯи 3 номинатсия-3 адад);

Ду ҷои дуюм: - як ададӣ телевизор (2 ададӣ аз рӯи 3 номинатсия – 6 адад);

Ҷои сеюм: - экран барои проектор (тахтаи интерактивӣ) - (1 ададӣ аз рӯи 3 номинатсия – 3 адад).

Инчунин, панҷ мукофоти ҳавасманднамоӣ ҷудо карда мешавад: 2 минбар (трибуна) барои муаллим ва 3 планшет.

Ғайр аз ин, 10 муассиса бо дипломҳои ифтихорӣ сазовор гардонида мешаванд (10 ададӣ диплом аз рӯи 3 номинатсия – 30 диплом).

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ