Ваҳдати миллӣ - дастоварди нодири миллат

Мардуми тоҷик аз қадим халқи сулҳпарвару ваҳдатшиор аст ва дар зиндагӣ ҳамеша ба осоишу оромиш арҷ мегузорад. Агар ба таърихи давлатдории ниёконамон назар афканем, туфайли хиради волои вай садҳо низову моҷаро бо роҳи мусолиҳаву муросо ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал гардидаанд. Таҳаммулпазирӣ ва сабру фурӯтании миллати тоҷик, ки дар хуни тоҷик ҷорист, бурди азалии ӯст ва ҳамин хусусият мудом ба саодату хушрӯзиҳои халқ боис шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки барои расидан ба ваҳдати миллӣ халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.

Имрӯз масъалаи пойдории ваҳдат ба шиори мардум табдил ёфта, халқ онро чун гавҳараки чашм ҳифзу гиромӣ медорад. Роҳи бадастории сулҳ барои мардуми кишвар басо пурпечутоб буда, машаққату заҳматҳо ва аз худ гузаштану ҷоннисориҳои бешумор дошт.

Имрӯз таҷрибаи оштӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки асосгузораш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар олам камназир аст ва ҷаҳониён онро ҳамчун мактаби омӯзиш ба кор мебаранд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба наслҳои ҷавон ин мактаби сулҳро ба таври возеҳу амиқ бояд омӯзонд. Хосатан, дар шароити имрӯза, ки вазъият дар ҷаҳони муосир пурталотум аст, баҳрабардорӣ аз ин арзишҳо ба манфиати кор аст. Зеро ба гуфтаи Сарвари давлат: “Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад”.

Дар ин росто, хидматҳои мондагори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба туфайли ҷоннисориҳояшон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ халқ унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистааст, бояд ҳамаҷиҳата омӯхта, мавриди пайравии наслҳои имрӯзу оянда қарор гирад. Муҳимтарин хидмати Пешвои миллат даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ, ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил, аз хатари парокандагӣ раҳонидани кишвар, ҷорӣ намудани низоми мукаммалу муосири давлатдории миллӣ ва ба ҳам овардани миллат мебошад, ки шоёни таҳсин ва ибрат аст.
Имрӯз маҳз ба туфайли сулҳу оромӣ дар кишвар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ даст дода, сатҳи некӯаҳволии халқ куллан беҳтар гардидааст.

Хулоса, сулҳу ваҳдат омили асосӣ ва муҳими таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум мебошанд ва ҳифзи онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ватандӯсту хештаншинос ба ҳисоб меравад.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли мардуми сарбаланди кишварро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат ва файзу баракат орзу менамоям.
Солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!


Ҷамшед ҶӮРАЗОДА, ректори МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ