Тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии хориҷи кишвар

Дар доираи ҳамкориҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо донишгоҳҳои олии Федератсияи Руссия муовини директори Донишкадаи Набережночелнии Донишгоҳи Федералии Қазон оид ба таълим Ахметсагиров Рамил Илясович ташриф овард.

Рамил Ахметсагиров бо ҳамроҳии муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Абдуҳафиз Азизов дар факултетҳои телекомуникатсия ва технологияи иттилооотӣва физикаю техника доир ба ҳамкориҳо, корҳои илмии дастаҷамъона ва дигар масоил сухан карданд.

Зимни муаррифии барномаҳои магистрии донишкадаи Қазон арз гардид, ки ҳамасола наздик ба 300 ҷойҳои будҷавӣ барои довталабони давлатҳои хориҷӣ ҷудо мегардад. Зикр шуд, ки донишкада бо таҷҳизоти муосир таълим муҷаҳҳаз буда, зиёда аз 9 ҳазор донишҷӯён аз рӯйи 35 ихтисос дар он таҳсил менамоянд.

Дар вохӯрӣ тарафҳо доир ба равобити минбаъдаи ҳарду тараф табодули андеша намуда, арз доштанд, ки баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди илмиву эҷодӣ як ҷатор тадбирҳои судмандро андешида, амалӣ менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ