Қадру манзалати илм ва олим дар ҷомеа
Маҳфили навбатии илмӣ-суханварии “Чашми ҷон” таҳти унвони “Қадри илм ва олим” дар факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид.
Дар маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомиддин Муродӣ доир ба мавзӯи “Қадри илм ва олим” бо истифода аз панду ҳикматҳои ниёгон маърӯзаи муфассал ироа намуд. Гуфта шуд, ки илм соҳаи фаъолият маҳсуб ёфта, раванди ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, дараҷабандӣ, таҳлил, паҳннамоӣ, интиқол ва истифодаи маълумотро дарбар гирифта, баҳри рушду инкишофи шахсият заминаи муосид фароҳам меорад. Инчунин, номбурда ба масоили қадру манзалати олим дар ҷомеа дахл намуда, аз ҷумла зикр дошт, олим шахсест, ки дар ягон соҳаи илму фарҳанг тадқиқот гузаронида, ҷиҳати амалисозии он дар ин ё он соҳаҳои хоҷагии халқ ҳисса мегузорад.
Сипас, наворҳои таълимиву тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар ин замина иштирокдорон мубодилаи афкор намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил