ШИСТ: озмуни “Муаррифии беҳтарин” эълон гардид

Бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот озмуни “Муаррифии беҳтарин” роҳандозӣ гардид.

Озмун дар се давр гузаронида шуда, дар сатҳи кафедра, факултет ва донишгоҳ ҷараён хоҳад гирифт.

Бино ба иттилои масъулини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҳадаф аз ин иқдом такмили маҳорати омӯзгорон дар самти омода намудани муаррифинома ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таҳсилот маҳсуб меёбад.

Гуфта мешавад ки аллакай ду даври озмун ҷамъбаст гардида, дар назар аст, ки даври сеюм дар сатҳи донишгоҳ моҳи январи соли 2021 баргузор шавад.

Барои гузаронидани даври сеюми озмун дар назди раёсати донишгоҳ бо фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи корӣ созмон дода шудааст.

Талаботи асосӣ ҷиҳати иштирок дар озмун пешниҳод намудани нусхаи чопии муаррифӣ (намуди ранга), муаррифӣ дар шакли электронӣ (диск), силлабуси фаннӣ ва гузориши довталаб гуфта мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ