​Донишҷӯён аз хона-музейи Мирзо Турсунзода дидан намуданд

Дар доираи “Ҳафтаи забони русӣ” донишҷӯёни факултети филологияи рус аз хона-музейи Мирзо Турсунзода дидан намуданд. Ба онҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумот дода шуд.

Донишҷӯён бо тарзи зиндагӣ ва ашёву либосҳои устод Мирзо Турсунзода аз наздик шинос шуданд.

Ҳамзамон, дар доираи “Ҳафтаи забони русӣ” байни донишҷӯён озмуни қироати шеър аз мероси устод Мирзо Турсунзода доир гардид.

Интизор меравад, ки ғолибон дар ҷамъбасти “Ҳафтаи забони русӣ” қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ