​Факултети забонҳои шарқ: шарҳи нуктаҳои қонуни нави ҳарбӣ

Дар факултети забонҳои шарқ бо намояндагони Комиссариати ҳарбӣ дар вилояти Суғд, Раиси ташкилоти ҷамъиятӣ “Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбӣ” подполковник Шарифҷон Азизов, Раиси “Иттифоқи волидайни сарбозон”-и вилояти Суғд подполковник Музаффар Бобоҷонов, муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия профессор Аюбҷон Усмонов, декани факултет, дотсент Ислом Раҳимов бо иштироки зиёда аз 80 нафар донишҷӯён мулоқот доир гардид.

Дар доираи мулоқот масоили марбут ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Профессор Аюбҷон Усмонов меҳмононро баиштирокдорон шинос намуд ва сипас дар мавзуъҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”ба донишҷӯён шарҳ дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ